В октябре 2025 года таджикский спортсмен Юсуф Замонов показал блестящий результат, дважды поднявшись на пьедестал почёта на крупных международных турнирах.
Сначала Юсуф Замонов завоевал серебряную медаль в весовой категории до 50 кг на соревнованиях по дзюдо в рамках III Игр СНГ, которые прошли 4–5 октября 2025 года в Гейгеле (Азербайджан) среди юниоров до 23 лет.
Спустя несколько недель талантливый дзюдоист вновь подтвердил свой высокий уровень, став серебряным призёром III Юношеских Азиатских игр, прошедших с 22 по 31 октября в Бахрейне.
Эти достижения стали ярким примером мастерства и силы духа молодых спортсменов Таджикистана, достойно представляющих свою страну на международной арене.
Общественная организация «Союз Таджикистанцев Республики Саха (Якутия)» выражает гордость за нашего соотечественника и желает Юсуфу Замонову новых побед, успехов и спортивных свершений.
Ҷудокор Юсуф Замонов ба Тоҷикистон ду медали нуқра овард
Дар моҳи октябри соли 2025 варзишгари тоҷик Юсуф Замонов натиҷаи барҷаста нишон дода, ду маротиба ба саҳнаи ифтихори мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ баромад.
Аввал Юсуф Замонов дар вазни то 50 кг дар мусобиқаи ҷудо, ки дар доираи Бозиҳои сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, медали нуқра ба даст овард. Ин мусобиқа рӯзҳои 4–5 октябри соли 2025 дар шаҳри Гейгел (Озарбойҷон) миёни ҷавонони то 23-сола баргузор шуд.
Баъд аз чанд ҳафта ин варзишгари болаёқат боз сатҳи баланди худро тасдиқ намуда, дар Бозиҳои сеюми ҷавонони Осиё, ки аз 22 то 31 октябр дар давлати Баҳрайн баргузор гардид, барандаи медали нуқра шуд.
Ин дастовардҳо намунаи равшани маҳорат, ирода ва рӯҳи ҷавонмардонаи варзишгарони ҷавони Тоҷикистон мебошанд, ки кишвари худро дар саҳнаи байналмилалӣ сазоворона муаррифӣ мекунанд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди Тоҷикистониёни Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)» аз ин муваффақияти ҳамватани худ ифтихор мекунад ва ба Юсуф Замонов пирӯзиҳои нав, муваффақият ва комёбиҳои варзиширо таманно дорад.









